17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ША&#120

Январь 23, 2009 09:00

                  Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти кумита ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Зикр шуд, ки соли гузашта дар саросари мамлакат бештар аз 2,5 ҳазор воқеаи ғайричашмдошт ва фалокатҳои гуногун рух дод, ки аз ин ҷумла, 117 — тои он хусусияти табиӣ дорад. Соли гузашта дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 18 нафар ҳалок шуд. Ба зарардидагон ба маблағи 159,5 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонда шуд. Зарари умумии фалокатҳои табиӣ бештар аз 93 миллион сомониро ташкил дод.                Соли 2008 барои иштироки аҳолӣ дар тадбирҳои мудофиаи шаҳрвандӣ бештар аз 1000 машғулият гузаронида шуд.                 Дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки мувофиқи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 17 август Рӯзи кормандони соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ муқаррар карда шуд.  

Январь 23, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад