2 ҲАЗОР ҶОЙИ НАВИ КОРӢ ?

Январь 27, 2009 13:39

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Танҳо дар зарфи нимсолаи дуюми соли 2008 музди меҳнати миёнаи коргарон дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 50 фоиз рӯ ба афзоиш ниҳода, дар соҳа 1 ҳазору 140 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.                 Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ гуфт, ки асоси фаъолияти «Тоҷикматлубот»-ро дар давраи ҳисоботӣ вазифаҳое ташкил мекарданд, ки аз сафарҳои кории Сарвари давлат ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миён омада буданд. Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа 46 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.                 Сироҷиддин Валиев мӯътакид бар он аст, ки дар соли 2009 ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи молӣ 20 фоиз, муомилоти муассисаҳои хӯроки умумӣ 50,9 фоиз, хари два захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41,8 фоиз, молҳои ниёзи мардум 30 фоиз ва ҳисса ҷудокуниҳо ба андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 8,6 фоиз зиёд карда шуда, дар соҳа қариб 2 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.

Январь 27, 2009 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд