2008: ЧӢ ҚИММАТ ВА ЧӢ АРЗОН ШУД?

Январь 29, 2009 14:20

                Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 индекси нархҳои истеъмолӣ 111,8 фоизро ташкил дод.                Дар Кумитаи омори ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли гузашта аз ҷумла индекси молҳои озуқа 113 фоиз, молҳои ғайри озуқа 105 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 120,6 ба фоиз баробар шуд. Гуфтанист, ки дар тайи соли 2008 нархҳои молҳои озуқаворӣ 13 фоиз қиммат гардид. Аз ҷумла, бехпиёз 2,5 баробар, биринҷ 73 фоиз, шир 43,8 фоиз, ярмаи дили гандум 26,4 фоиз, гӯшти гов 24,6 фоиз, гӯшти гӯсфанд 23,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 12,1 фоиз ва орди гандумии навъи якум 2,3 фоиз зиёд гашт.                 Дар баробари ин, дар ин давра нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла сабзӣ 42,3 фоиз, себ 29,5 фоиз, равғани пахта 20,8 фоиз ва тухм 8,2 фоиз арзон шуд.

Январь 29, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид