А. ҒОИБНАЗАРОВ: «ҲИМОЯИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ МУҚАДДАС
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар давраи ҳисоботӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 402 парванда баррасӣ карда шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Амирхоҷа Ғоибназаров 22 январ. Аз ҷумла, 140 парванда дар марҳалаи аввал, 96 парванда дар марҳалаи шикоятӣ, 141 парванда дар марҳалаи касатсионӣ, 23 парванда дар Раёсат ва 2 парванда дар Пленуми Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Инчунин, дар ин давра 190 адад арзу шикоятҳо муҳокима гардиданд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои дар Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 муҳокимашуда, ба фоидаи даъвогарон 5 миллиону 931 ҳазору 65 сомонӣ, 108 ҳазору 879 евро ва 22 ҳазору 923 доллари амрикоӣ рӯёнида шуда, аз ин ҳисоб ҳамчун боҷи давлатӣ ба ба буҷа 533 ҳазору 46 сомонӣ гузаронида шуд. Инчунин, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор парвандаҳоро вобаста ба баргардонидани қарзи андоз баррасӣ намуда, ба мабалағи 3 миллиону 389 ҳазору 209 сомонӣ талаботи даъворо қонеъ намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






