АҲАМИЯТИ ИХТИРООТИ ОЛИМ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Фулузоти махлути ихтироънамудаи олими маъруф, академик Иззатулло Ғаниев айни ҳол барои дароз кардани мӯҳлати хизмати агрегатҳои яке аз нерӯгоҳҳои кӯҳнатарини Тоҷикистон — нерӯгоҳи барқи обии «Варзоб- 3» истифода бурда мешаванд. Соли гузашта дар ҳамин нерӯгоҳ анодҳои дар асоси ихтирооти олим сохташуда барои ҳимояи қисмҳо ва таҷҳизот аз таъсири зангзанӣ ҳамчун таҷриба мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, фоидаи иқтисодии он дар як сол 6 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дода, хароҷоти он дар давоми 4 моҳ бароварда мешавад. Иззатулло Ғаниев ҳамроҳи шогирдонаш ҳоло дар озмоишгоҳи фулузоти омехтаи Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳо дар доираи барномаи стратегияи умумӣ дар соҳаи илму техника тадқиқот мебарад. Барномаи мазкур аз соли 2008 то соли 2015 иҷро карда мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки дар шароити имрӯза бисёр соҳаҳои истеҳсолот дар натиҷаи занг задании таҷҳизоту маснуот зарари калон мебинанд. Яке аз усулҳои мубориза ба муқобили занг задани маснуот истифодаи махлутҳои гуногуни дорои алюминий ва моддаҳои дигари химиявӣ мебошад. Фулузоти мазкур қисмҳо ва таҷҳизотро аз задани занг муҳофизат карда, мӯҳлати истифодаи онҳоро дарозтар мегардонанд. Дар бораи аҳамияти калони ихтирооти олим ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки фулузоти омехтаи ихтироънамудаи ӯ дар муҳофизати гидроузелҳои Маркази омодагии кайҳоннавардони Федератсияи Русия бомуваффақият истифода бурда шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






