АҲОЛИИ ДУШАНБЕ БО ОБИ ТОЗА ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Роҳбари дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбеводоканал» Акобир Ашӯров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Сарҳавзи танзими оби шаҳри Душанбе дар давоми фаслҳои тобистону тирамоҳи соли 2008 пурра тармим карда шуд. Дар доираи тадбирҳои андешидашуда, ҳаҷми ғунҷоиши сарҳавз дар давоми шабонарӯз ба 270 ҳазор метри мукааб расонда, тамоми асбобу анҷом ва таҷҳизоти он иваз карда шуданд. Оби сарҳавз ба воситаи хлор ва моддаҳои дигари химиявии ба организми инсон безарар тоза карда мешавад, ки онҳоро аз Қазоқистон ворид месозанд. Дар натиҷа сифати оби ошомиданӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва қисман дар хиёбони Рӯдакӣ хеле беҳтар гардид. Мутахассисони корхона насби дастгоҳҳои андозагири ҳаҷми обро дар корхонаҳою муассисаҳо ва хонаҳои сокинони пойтахт давом медиҳанд. Ин барои сарфа кардани об ва буҷети давлату оила зарур мебошад. Зеро захираҳои об дар мамлакатамон чӣ қадаре ки фаровон набошанд, онро ғайриоқилона сарф кардан дуруст нест. Сокинони пойтахт дастгоҳҳои андозагири ҳаҷми обро бояд худашон аз бозор харанд. Нишондоди онҳо охири ҳар моҳ ба ҳисоб гирифта, аз рӯи он пули об муайян карда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбеводоканал» ҳамаи сокинони пойтахтро даъват мекунад, ки обро сарфакоронаю оқилона истифода бурда, сари вақт пули онро супоранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






