АГЕНТӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИРО ОШКОР НАМУД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти корманди шӯбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон Файзалӣ Қосимов, фаъолияти агентии мазкур, тибқи талаботи меъёрҳои қонун амалӣ гардида, дар давоми соли 2008 беш аз 960 тафтишу санҷишҳои молиявиро дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ гузаронид. Дар натиҷаи ин санҷишу тафтишот маблағи беш аз 90 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохт. Аз маблағи зарари ошкоргардида 12 млн. сомонӣ хароҷоти ғайриқонунӣ, 25 млн. сомонӣ маблағи рӯйпӯш намудаи андозҳо ва 32 млн. сомонӣ талафи воситаҳои пулию молиро ташкил дод. Дар асоси нақша-чорабиниҳои махсус баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, соли 2009 Агентӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монданист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






