АГРЕГАТИ ШАШУМИ НБО ҚАЙРОҚҚУМ БА КОР ДАРОМАД

Январь 19, 2009 17:05

         Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 5 агрегате, ки  75 мегаватт/соат қувваи барқро истеҳсол мекунанд дар Нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум кор карда истодаанд. Агрегати шашум шоми имрӯз, 19 январ ба кор медарояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов хабар дод, айни замон маркази вилоят дар як рӯз 8 соат бо нерӯи барқ таъмин буда, шаҳрҳои саноатӣ 6 соат ва дигар шаҳру ноҳияҳо 4 соат барқ мегиранд. Маврид ба ёдоварист, ки 14 январ бо сабаби садамае, ки дар нерӯгоҳи мазкур рух дода буд беш аз 30 фоизи  сокинони вилояти Суғд бе барқ монданд.

Январь 19, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид