АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ НИЗОМИЁНИ НОРВЕГИЯ ВА АФҒОНИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ УРУЗГОН

Январь 21, 2009 17:06

                     Кобул, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Назриев). — Дар вилояти Урузгон амалиёти муштараки ҳарбии қувваҳои эътилофии хориҷӣ ва ҷузъу томҳои артиши Афғонистон ба муқобили силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» оғоз ёфт. Ширкати телевизионии «Ориёно» хабар дод, ки амалиёти мазкур дар мавзеи Дараи Балуҷӣ шурӯъ шуд. Қумондони қисми ҳарбии Норвегия, полковник Медисон ба хабарнигорон гуфт, ки дастаҳои силоҳбадастон баъди оғози амалиёт якбора ақиб нишастанд. Дар натиҷа дар байни онҳо касе осеб надид.                   Афсари норвегӣ зикр намуд, ки дар давоми чанд рӯз миқдори зиёди махфигоҳҳо ва анборҳои аслиҳаю лавозимоти ҷангии силоҳбадастон ошкор ва несту нобуд карда шуд. Вай афзуд, ки дар маҳалҳои озодшуда, барқарор намудани корхонаю муассисаҳо оғоз меёбад. Бо ин мақсад дар ин ҷо маркази доимоамалкунандаи идораи ҷузъу томҳои эътилофӣ ва ҳукуматӣ ташкил карда мешаванд.                    Хабар дода шуд, ки дар ҷараёни амалиёт як танки низомиёни Норвегия ба мина бархӯрда таркид. Сарнишинони он осеб надидаанд. Инчунин дар натиҷаи таркиши як мошин 4 нафар аскарони афғон маҷрӯҳ шуданд.                   Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 21, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид