«АМОНАТБОНК» ПАХТАКОРОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони раиси «Амонатбонк» Мамадамин Мамадаминов, соли 2008 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути «Амонатбонк» барои рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз 40 млн.сомонӣ ҷудо гардид. «Амонатбонк» тавассути шӯъбаҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 584 хоҷагиҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд маблағи аз Вазорати молия ҷудошударо тақсим намуд. «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои худ дар соли 2008 ҳамагӣ 9,4 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи пахтакорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддатро пешниҳод намуд, ки ин дар муқоиса бо банкҳои дигар хеле кам аст. Тибки маълумоти ҳамин манбаъ, дар сурати сари вақт баргардонидани қарзҳои гирфташда, соли 2009 «Амонатбонк» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳияҳои пахтакор ҳамкории бештари судмандро ба роҳ мемонад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






