АНҶУМАНИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕШАҲР СОЗМОН ЁФТ

Январь 5, 2009 14:31

                                                         Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт «Анҷумани фарҳангии ҷавонони андешавари Душанбешаҳр»  созмон дода шуд. «Ҳадаф аз таъсиси Анҷумани мазкур самаранок истифода бурдани потенсиали ақливу зеҳнии ҷавонон, ташаккули ҳаракати интелегатсионии ҷавонон ва фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии пойтахт мебошад», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар», сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов.       Анҷуман беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли пойтахтро ба ҳам оварда, онҳоро ҳамчун муҳаррик ва пешбарандаи нерӯи созанда истифода мебаранд.      Бояд зикр кард, ки ба аъзоён Анҷуман аз ҷониби сиёсатмадорони варзида, коршиносон ва шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ, сӯҳбату мулоқот ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, донишҳои сиёсӣ, иттилоотонӣ доир ба равандҳои демократӣ ва созанда дар дохил ва хориҷии кишвар гузаронида мешавад. Минбаъд фаъолҷавонони пойтахт  донишу малакаи азбарнамудаи худро баҳри маърифатнокӣ ва ҳалли ҳар чӣ бештари проблемаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона менамоянд.

Январь 5, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид