АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Тӯли соли 2008 муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», ҶСШК «Матбуот» ва СИЭМТ 219 номгӯи китобҳоро бо теъдоди 830450 нусха чоп намуда, ба фурӯш бароварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шӯъбаи табъу нашри Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд. Бинобар иттилои шӯъбаи мазкур тариқи нашриёти «Адиб» 82 номгӯй китоб бо теъдоди 95350 нусха, тариқи нашриёти «Ирфон» 27 номгӯй бо теъдоди 58000 нусха, нашриёти «Маориф ва фарҳанг» — 90 номгӯй бо теъдоди 243000 нусха, ҶС «Матбуот»- 16 номгӯй бо теъдоди 429500 ва 4 номгӯй бо теъдоди 4600 нусха аз тариқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба табь расидаанд.Нашриёти «Адиб» дар давоми соли гузашта бештар аз 40 асарҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихиро, аз ҷумла ҷилдҳои 3,4,5,6- и «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, «Ҳудуд-ул-олам», «Паямбари ишқ»-и А. Сайфуллоев, «Одамушшуарро Рӯдакӣ»- и А. Афсаҳзод, «Дидор»- и Ато Ҳамдам ва ғайраҳоро дастраси хонандагон гардонд. Инчунин бо маблағҳои худи нашриёт 12 асарҳои гуногун рӯи чопро диданд.Нашриёти «Ирфон» асарҳои таърихии Президенти ҶТ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (ҷилди 7) ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ( бо ҳуруфоти ниёгон), китоби мусаввари «Рӯдакӣ» ва «Ашъори Рӯдакӣ» — ро ба се забон ба чоп расонид. Нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ҶСШК «Матбуот» бештар китобу дартурҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва адабиёти бадеӣ барои хурдсолон ва ҷавонон бо сифати хуб ва ороиши ҷолибро пешкаши хонандагон намуд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






