АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ЧӢ ГУНА РАҲОӢ ЁБЕМ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Шоҳон-Зиғар, Шикев-Зиғар, Душанбе-Чанок, Душанбе-Саритош, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршар идома дода мешаванд. Бо истифода аз маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ 1200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва тармим шуда истодааст. Солҳои наздик ба азнавсозии роҳҳои мошингарди Қурғонтеппа-Панҷ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Данғара ва сохтмони нақби Чормағзак шурӯъ карда мешавад. Бо мақсади ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон роҳҳои мошингарди кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






