АЗИМӢ: САБАБИ САДАМА -БАРХӮРДИ ЧАРХБОЛ БО ЯК ТЕППА

Январь 19, 2009 16:51

                Афғонистон, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).- Ҷасадҳои кормандони бригадаи 207 ва 12 афсари дигар ба Кобул интиқол дода шуд.                 Генерал-майор Фозил Аҳмад Сайёр, қумандони бригадаи 207, бо ҳамроҳонаш рӯзи панҷшанбеи гузашта дар як садамаи ҳавоӣ дар ноҳияи Адраскони вилояти Ҳирот ҳалок гардиданд. Генерал Зухайд Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон ба телевизиони миллии Афғониcтон (RTA) мегӯяд, генерал Сайёр барои анҷоми як сафари хидматӣ озими вилояти Фароҳ буд, ки ҳавопаймои вай дар ноҳияи Адраскани вилояти Ҳирот аз сабаби бад будани ҳаво дучори садама шудааст ва дар минтақаи Гулдорӣ сарнагун гардид.                Генерал Азимӣ мегӯяд, сабаби ба садама бархӯрдани чархбол бо як теппа мебошад ва иллати техникӣ надорад. Вай ҳамчунон иддаи толибонро оиди сарнагун сохтани чархбол рад кард.               Афсарон рӯзи шанбе дар маросими махсуси низомӣ ба хок супорида шудаанд. Сухангӯи вазорати дифоъ ҳамчунон изҳор дошт, ки ҷубронпули ҳалокшудагон то муддати муайян барои хонаводаҳояшон дода мешавад.

Январь 19, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд