БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Январь 22, 2009 16:59

              Бишкек, 22 январ, (АМИТ «Ховар» — Кабар). — Вазири молияи Қирғизистон Марат Султонов 21 январ дар маҷлиси гурӯҳи Ҳизби коммунист дар Жогорку Кенеши (парламент) зикр намуд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакат таъсири калони манфӣ расонд. Вай лоиҳаи қонунро дар бораи ворид сохтани тағйирот ба қонуни буҷети ҷумҳурӣ дар соли 2009 пешниҳод карда, изҳор намуд, ки натиҷаҳои асосии макроиқтисодии буҷет нисбати маблағи Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ хеле кам гардидааст. Маблағи Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии кишвар соли 2008 — ум 185 миллиарду 13 миллиону 600 ҳазор сомро ташкил дод. Тибқи нақша, ин маблағ мебоист хеле зиёд карда мешуд, вале воқеан хеле кам гардид, гуфт вазири молия. Вай таъкид кард, ки Қирғизистон бояд мисли мамлакатҳои дигари ҷаҳон барои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои қатъӣ ва судбахш андешад.  

Январь 22, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид