БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББИ» ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД МЕШАВАД

Январь 20, 2009 16:07

             Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатӣ», «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат баррасӣ гардиданд.             Ҳамчунин, аъзои Шӯро Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳоро муҳокима карда, муҳимияти масъалаҳои зикргардидаро шарҳ доданд.             Зикр шуд, ки масъалаҳои мазкур ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.              Баъд аз муҳокимарониҳои аъзои Шӯро масъалаҳои баррасишударо ҷиҳати хулосабарорӣ ба Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат ва иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Январь 20, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид