БА 62 РОҲБАР ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ ПЕШКАШ ГАРДИД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2 097 корхона ва 17 032 иншоотро ба қайд гирифтааст, ки қариб ҳамаи онҳо ба гурӯҳи иншооти истеҳсолии хатарнок мансуб мебошанд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, роҳбари ин Саридора М. Ҷумъаев ба хабанигорон гуфт. Ӯ афзуд, ки дар ин давра аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон назоратҳои ташхисӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ҷиҳати ба талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯй набудани фаъолият, барои надидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба 62 роҳбарони корхонаҳо амрнома оид ба қатъ гардонидани фаъолият пешкаш гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара ба ҶСШК «Ангишт» ва дар шаҳри Душанбе ба сехи васлкунӣ ва ташхиси таҷхизоти газу балонии ЧДММ «Ангора». Инчунин, дар рафти санҷишҳои техникӣ 71 нафар шахсони мансабдори корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






