БА БОЛОРАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТҲО ХАДАМОТИ ГУМРУК ГУНАҲГОР НЕСТ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Таъсири мақомоти гумрук ба боло рафтани нархи фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои дохилии кишвар нест. Чунки ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйир додани андоз ва боҷу хироҷҳои гумрукӣ тағйир дода нашуданд. Вобастагии тағйирёбии нархи маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ мустақиман ба фаъолияти департаменти зидди инҳисории вазорати рушди иқтисод ва савдо марбут аст, ки то андозае ба тағйир додани нархҳои маҳсулот дар ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд»,- гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов дар нишасти матбуотие, ки 21 январ шуда гузашт. Инчунин, номбурда қайд кард, ки дар соли сипаришуда ба ҷумҳури 539,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафти ворид шуд, ки нисбат ба соли 2007 20,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла 280,8 ҳазор тонна бензин ва 144, 7 ҳазор тонна сӯзишвории дизели ворид гашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






