БА БУҶАИ ҶТ 24,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ҲИСОБИ ХУСУСИГАРДОНӢ ВОРИД ГАРДИД

Январь 6, 2009 13:35

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Дар давоми соли 2008 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 126 музояда гузаронидааст.   Дар кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 24,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2007-ум 923 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҳисоби иҷораи моликияти коммуналӣ дар ин давра 3,5 миллион сомонӣ ба буҷаи мамлакат ворид шуда, дар баъзе идораҳои давлатӣ вазъи нигаҳдории моликияти давлатӣ ташвишовар аст. Бояд зикр кард, ки дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 16,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидор ва 118,5 ҳазор нафар соҳибкор ба қайд гирифта шуд.  

Январь 6, 2009 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар