БА НАВХОНАДОРОН ҚУРЪОНИ МАҶИД ТАҚДИМ КАРДА ШУД
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Дар оғози Соли нави мелодии 2009 ба 120 оилаи ҷавони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он ҷиҳози рӯзгор тақдим карда шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе аз сӯи намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тӯйи хонадоршавии ин оилаҳои ҷавон барпо гардида буд. Маблағи умумии ҷиҳози рӯзгор, ки ба навхонадорон тақдим карда шуд 3 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, аз қолину яхдон, мошинаи дарздӯзӣ, рӯйпушҳо, зарфҳои ғизохӯрӣ ва ғайраҳо иборат аст. Ҳамзамон ба навхонадорон китоби Қуръони маҷид ва 200 сомонӣ тӯҳфа карда шуд. Тибқи иттилои роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ- то имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни издивоҷи 650 ҷуфт ҷавонон гузаронида шуд. Дар оянда низ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон баргузории чунин ҷашнҳои издивоҷ дар назар аст. Бояд зикр кард, ки тӯйи хонадоршавии фарзандони оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ аз сӯи Кумитаи мазкур дар асоси қарордоди байни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, қадами устуворест дар роҳи қоҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






