БА СУДҲОИ ТОҶИКИСТОН 8124 ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОӢ ВОРИД ШУДААСТ

Январь 29, 2009 15:55

            Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2008 ба судҳои ҷумҳурӣ 8124 адад парвандаҳои ҷиноӣ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2007 265 адад зиёд мебошад»,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.             Зиёд шудани миқдори парвандаҳо дар муқоиса ба соли 2007 ин маънои онро надорад, ки сатҳи ҷиноят дар соли сипаришуда зиёд гаштааст. Ин ифодагари он аст, ки парвандаҳои ҷиноие, ки солҳои пеш ба судҳо ирсол карда шуда буданд, бо сабабҳои гуногун ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудаанд, қайд кард Ш. Шоҳиён.            Аз ҷумла, дар судҳои ҷумҳурӣ парвандаҳои ҷиноӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 747 адад, характери коррупсионӣ 560 адад, нисбати аъзои ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир» 15 адад баррасӣ гардиданд.             Инчунин номбурда зикр кард, ки судҳои ҷумҳурӣ дар мустаҳкамӣ ва пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оромию субот, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо роҳи баровардани адолати судӣ тавассути қабули ҳукму ҳалномаҳои қонунӣ ва адолатнок саҳми босазо доранд. Ҳокимияти судӣ вобаста ба таъмини адолати судӣ, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсию динӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, дар ҷомеа мавқеи хоса дорад.

Январь 29, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад