БА ТАВАҶҶӮҲИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ҚАЛАМРАВИ ҶТ
Душанбе, 4 января. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки аз 5-уми январи соли 2009 сар карда раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ мекунанд, оғоз мешавад.Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба диққати ҳамаи субектҳои хоҷагидоре, ки ба ҷалби қувваи кории шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд расонида мешавад, ки ба суроғаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, кӯчаи Мирзо Турсунзода №5, ва ё бо телефонҳои: 227-55-69, 227-67-11, 233-84-84 муроҷиат кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






