БА ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ФОҶИАИ ГУМАНИТАРӢ ТАҲДИД МЕНАМОЯД

Январь 6, 2009 15:49

            Ню – Йорк,  6  январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).   –  Намояндаи  СММ   дар  Фаластин  Кристофер  Гиннес  ба  хабарнигорон  гуфт, ки   ба  воҳаи  Ғаззаҳ  таъҷилан  маводи  озуқа  фиристодан  зарур  аст, зеро  сокинони   минтақа  ба  гуруснагии   шадид  рӯ  ба  рӯ  гардидаанд.  Қайд карда  шуд, ки  захираи  боқимондаи  маводи  хӯрока  дар  ин  ҷо  танҳо  барои  ду  шабонарӯзи оянда  кифоя  мекунаду  халос.           Намояндаи  СММ  афзуд, ки  айни  ҳол  дар  воҳаи  Ғаззаҳ  бештар  аз  миллион  нафар  сокинони  маҳаллӣ аз қувваи  барқ  маҳрум гардидаанд. Шифохонаҳои   воҳаи  Ғаззаҳ  пур  аз  маҷрӯҳон  мебошанд. Дар  ин  ҷо  бо  сабаби   набудани  қувваи  барқ  аз  генераторҳо  истифода  карда  мешавад.        Намояндагони   Исроил  изҳор  намуданд, ки   дирӯз  ба  воҳаи  Ғаззаҳ  бо 80  мошини  боркаш  дору  ва  озуқа  фиристода  шуд. Аз  рӯи  маълумоти  вазорати  тандурустии  Фаластин  баъди   3  январ,  яъне баъди ба  воҳаи  Ғаззаҳ  ворид  гардидани  қисмҳои  ҳарбии  Исроил  дар  ин  ҷо  90  сокини  маҳаллӣ,  аз  ҷумла,  26  кӯдак  ҳалок  шуд.         Ҷомеаи  ҷаҳон  ва  созмонҳои  байналхалқӣ  кӯшиш  мекунанд, ки   задухӯрдҳои  мусаллаҳона  дар  воҳаи Ғаззаҳ  ҳар чи  зудтар  қатъ  карда  шаванд. Айни  ҳол  намояндаи  махсуси Президенти  Русия  дар  Шарқи  Наздик  Александр  Салтанов,  Президенти  Фаронса  Николя  Саркози,  ҳайати  Иттиҳоди  Аврупо  ва  дигарон  дар  ҳамин  минтақа  қарор  доранд.        Ситоди   артиши  Исроил  хабар  дод, ки  танҳо  5  январ  аз  қаламрави  Фаластин  ба  ноҳияҳои  ҷанубии  мамлакат  20  мушаки  тарканда  парронда  шуд.  Айни  ҳол  ба  қаламрави  воҳаи  Ғаззаҳ қариб  4  ҳазор  аскару  афсари  исроилӣ  дохил  гардидааст. Задухӯрдҳои  мусаллаҳона  бо   силоҳбадастони  «Хамос»  дар  наздикии  шаҳрҳои  Байт — Хонун  ва  Ҷабалия   давом  доранд. Худи  шаҳри  Ғаззаҳ  аз  тарафи  аскарони  исроилӣ  иҳота  карда  шудааст.

Январь 6, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!