БАХШИДА БА 100 СОЛАГИИ НАХУСТИН ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК МАСТИБЕК ТОШМУҲАММАДОВ

Январь 13, 2009 08:31

         Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бахшида ба 100 солагии нахустин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов дар мактаби рақами 1-и деҳаи Поршнев, ки номи ин абармардро дорад, вохӯрии наслҳо баргузор гардид.        Дар набардҳои Ҷанги Бузургм Ватанӣ  ҳазорон нафар аз ҳамватанони мо иштирок карда, барои озодии  Ватан ҷонбозиҳо намуданд. Аммо бештари фарзандони тоҷик ба ҳайси сарбозон аз ватан дифоъ карда буданд. Мастибек Тошмуҳаммадов бо рутбаи майор дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ ба сифати муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ адои вазифа намудааст. Дар чунин якдавраи   тақдирсоз ва ҳассос на ба ҳар шахс чунин боварию эътимод зоҳир мекарданд.        Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Мастибек Тошмуҳаммадов ҳастии худро ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли наврас бахшид ва чун нахустин генерали тоҷик дар миёни ҳамватанон обрӯю эҳтироми зиёде дошт.        Дар вохӯрие, ки дар мактаби деҳаи Қушки ҷомати Поршнев баргузор гардид, раиси ноҳия Шамсиддин Орумбеков, дӯстону пайвандон ва шогирдони Мастибек Тошмуҳаммадов ширкат варзиданд. Онҳо аз ҳаёти рангини ин абармарди зиндаёд сухан гуфтанду наврасону ҷавононро ҳидоят намуданд, ки дар ватандӯстиву ватанпарварӣ, нангу номус ба хотири дифои Ватан дар ҷодаи нахустгенерали тоҷик гом ниҳанд.

Январь 13, 2009 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст