БАРҚАРОРСОЗИ ШЎЪБАИ КЎДАКОНАИ БЕМОРХОНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ БЕМОРИҲОИ СИЛИ «МАЧИТОН
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар асоси супориши Президенти мамлакат аз 17 апрели соли равон ҳангоми мавриди истифода қарор додани қисмати дуввуми Хона-интернати кўдакони ноқисулақли «Чорбоғ» доир ба таъмини шароити муносиб барои барқарорсозии саломатии кўдакони маъюб роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо истифода аз бинои сеошёнае, ки то аввали солҳои навадум дар он Шўъбаи кўдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили «Мачитон» фаъолият мекард қарор намуд, ки Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кўдаконро созмон диҳад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ки дар бинои мазкур аз соли 1965 то соли 1992 бо иқтидори 110 кат шўъбаи бемориҳои сили кўдакона фаъолият дошт. Дар ин асос, бо истифода аз маблағи буҷетӣ, дастгирии молиявии созмонҳои байналмиллалӣ ва саҳмгузории бевоситаи шахсони алоҳида, ҷамъ ба маблағи умумии бештар аз 3.5 млн сомонӣ дар муддати камтар аз ним сол дар сатҳи ниҳоят муносиб ин марказ созмон дода шуд. Мақсад аз созмон додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кўдакон, амалӣ намудани ҳуқуқҳои кўдакони маъюби гирифтори бемориҳои асаб ва ортопедӣ, дил ва рагҳо ба дастрас намудани кўмаки реабилитатсионии тиббӣ тавассути намудҳои муосири ислоҳи тиббӣ ва ҷисмонӣ, табобати меҳнатӣ бо мақсади баргаштан ба ҷомеа мебошад. Дар айни ҳол Марказ дорои 2 шўъба (пулмонологӣ ва ортопедо-неврологӣ) буда, ба 69.5 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Маркази номбурда барои гузаронидани реабилитатсияи тиббии кўдакон бо бемориҳои узвҳои такягоҳӣ — ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шудааст. Чунин муассисаи махсусгардонидашуда бори аввал дар ҷумҳурӣ кушода мешавад ва ягона муассисаи тиббиест, ки ба кўдакони гирифтори бемориҳои ортопедию неврологӣ ва кардиопулмонологӣ аз гўшаҳои гуногуни мамлакат имконияти гузаштани муолиҷаи барқарорсозиро пайдо менамояд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






