БАР АСАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ СОЛИ 2008 ДАР ҶУМҲУРӢ 1955 ХОНА ХАРОБ ГАРДИД

Январь 22, 2009 16:33

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 2601 ҳолатҳои фавқуллода ба амал омадааст, аз онҳо 117 ҳодисаи табиӣ ва 2484 ҳолатҳои фавқуллодаи характери техногенидошта мебошанд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 18 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид, зикр гардид, — дар нишасти матбуотие, ки 22 январ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо 94 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардид. Бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 1955 адад хонаҳо ба маблағи 3 млн. 4 ҳазору 500 сомонӣ зарар диданд, 114 хона пурра хароб гардид.                  Маблағи умумии хисорот аз офатҳои табиӣ 93 млн. 257 ҳазору 600 сомониро ташкил намуд. Мутобиқи нақшаи дурнамои кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2005-2010 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор дорад, соли гузашта 534 хоҷагӣ кӯчонида шуд.                Дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ташкилотҳои байналхалқии «ОКСФАМ»- и Британияи Кабир, «Миссияи Шарқ»- и Дания, «ХИЛСВЕРГ»- и Австрия ва «АКТЕД»-и Олмон чорабиниҳо оиди тайёр намудани наҷотдиҳандагони ҷамъиятиро ба роҳ монда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 506 нафар наҷотдиҳандагони ҷамъиятӣ ба омӯзиш ҷалб карда шуданд.                 Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумита дар машқи байналхалқии «КазСпас», аз миёни 18 корманда ба гирифтани ҷои 4 ноил гардид.               Кумита «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии ТоҷикистонТ барои солҳои 2009-2014»- ро таҳия намуд, ки татбиқи бандҳои он соли ҷорӣ амалҳад гардид.   

Январь 22, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид