БАРАК ОБАМА НАҚШАИ АМАЛИЁТИ ҲАРБИРО ТАРҲРЕЗӢ МЕКУНАД
Вашингтон, 30 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа ). — Президенти ИМА Барак Обама рӯзи чоршанбе бори аввал ҳамчун сардори давлат ба Пентагон омада, маърӯзаи чор фармондеҳи навъҳои гуногуни қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро дар бораи қатъ намудани амалиёти ҳарбӣ дар Ироқ ва ба Афғонистон фиристодани ҷузъу томҳои иловагии низомӣ шунид. Намояндаи расмии вазорати мудофиаи ИМА Ҷеф Морел зикр намуд, ки дар ҷараёни муҳокимаи масъала ягон қарор қабул карда намешавад. Намояндагони вазорати мудофиа қабл аз ин хабар дода буданд, ки онҳо айни ҳол роҳҳои дар амал татбиқ намудани ваъдаҳои Б.Обамаро дар бораи баровардани қисмҳои ҳарбӣ аз Ироқ дар давоми 16 моҳ баррасӣ менамоянд. Вале баъзе аъзои маъмурияти ИМА изҳор намуданд, ки дар муддати кӯтоҳ аз Ироқ баровардани қисмҳои ҳарбӣ ба таъмини амнияти ин мамлакати Шарқи Наздик таъсири манфӣ расонда метавонад. Раиси кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА Майкл Мален зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамаи нақшаҳои таҳияшаванда ба иҷрои ваъдаи додаи президент дар бораи баровардани хизматчиёни ҳарбӣ аз Ироқ равона карда мешаванд. Намояндаи Пентагон изҳор намуд, ки сиёсати Б.Обама нисбати Кобул бештар хусусияти ғайринизомӣ дорад. Барак Обама, аз ҷумла, ҳукумати Афғонистонро даъват хоҳад кард, ки минтақаи назораташро дар дохили мамлакат вусъат дода, муборизаро ба муқобили ришвахӯрӣ тақвият бахшад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






