БАРНОМАИ КОМПЮТЕРКУНОНИИ МАКТАБҲО ТАТБИҚ МЕШАВАД

Январь 8, 2009 16:33

                                                Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар соли 2008 ва дурнамои он дар соли 2009 дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат, ки бо иштироки намояндагони сохторҳои вазорат ва бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова доир гардид, муҳокима шуд.       Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар соли 2008  гуфт, ки новобаста ба мушкилоту проблемаҳо дар соҳаи маорифи мамлакат пешравию дастовардҳо низ мушоҳида мегарданд, ки аз рушди соҳаи маорифи мамлакат шаҳодат медиҳад.      Танҳо дар соли 2008 дар мамлакат 170 мактаб барои 25 ҳазор талаба ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд. Новобаста ба вусъатёбии сохтмони мактабҳо тибқи маълумоти оморӣ,  таълим дар 136 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва беш аз 100 мактаб дар вагонҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мактабҳо бояд то соли 2015 ботадриҷ  барҳам дода шаванд.      Инчунин, дар мамлакат Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ  амалӣ гардонида шуда,  то имрӯз беш аз 4 ҳазор мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ бо 22 ҳазор адад компютер таъмин карда шудааст. Ҳамзамон масъалаи таъмини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо китобҳои дарсӣ яке аз масъалаҳои умда дар назди вазорати маорифи кишвар маҳсуб мешавад. Танҳо дар соли 2008-ум  37 номгӯй китобҳои дарсӣ, ки аз 3 миллион нусха иборат аст ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ нашр карда шуда,  ба мактбҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар дастрас гардид.       Дар ҷаласаи ҳайати мушовара самтҳои асосии   фаъолияти вазорати маорифи ҷумҳурӣ  барои соли 2009 муайян карда шуданд.    

Январь 8, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид