БАРНОМАИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТИИ БМИМТ ДАР ХАТЛОН АМАЛӢ МЕШАВАД

Январь 4, 2009 14:44

 Душанбе, 4 январ, (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) омодааст, ки барномаи сеюми паст кардани сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон амалӣ намояд.Мутахассиси робита бо ҷомеаи БМИМТ Абулқосим Котибов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон ва мутобиқи шартномаи ба имзорасида байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ» амалӣ шуда, он 14 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷиликӯл, Қубодиён, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбандро дарбар мегирад.             Арзиши умумии барнома ба 6,72 миллион евро баробар аст, ки аз ин 5,4 миллион евро саҳми ҷониби Олмон буда, 1, 02 миллион евро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,3 миллион евро саҳми ҷамоаҳоро ташкил медиҳад.  

Январь 4, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд