БАРОИ БАРҚАРОР СОХТАНИ ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ МАБЛАҒИ КАЛОН ЛОЗИМ АСТ
Ғаззаҳ, 22 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Тавре хабар дода шуд, Исроил дирӯз тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи низомии худро аз ҳудуди воҳаи Ғаззаҳ баровард. Акнун сокинони воҳа ба маҳалли истиқоматашон бармегарданд. Хабар дода мешавад, ки дар давоми амалиёти ҳарбии Исроил маҳалҳои истиқоматӣ, биноҳо ва корхонаю муассисаҳо харобу валангор карда шуданд. Дар давоми ду ҳафтаи амалиёти ҳарбӣ дар воҳаи Ғаззаҳ ҳамагӣ 13 аскари исроилӣ ҳалок шуд. Дар натиҷаи амалиёт 50 ҳазор сокини маҳаллӣ бесарпаноҳ монд. Инчунин бештар аз 1300 фаластинӣ кушта шуд, ки қисми зиёди онҳо силоҳбадастони «Ҳамос» нестанд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакии коршиносон барои барқарор сохтани ҳаёти мӯътадил дар воҳаи Ғаззаҳ камаш ду миллиард доллар зарур аст. Қайд карда мешавад, ки барои барқарор сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обрасонӣ, мактабҳо ва шифохонаҳо вақти тӯлонӣ сарф мешавад. Ин ҳам дар мавриде имконпазир хоҳад гашт, ки агар Исроил ба вуруди мошинҳои боркаш ба воҳаи Ғаззаҳ иҷозат диҳад. Ҳоло рафту омади нақлиёт ба ин минтақа манъ карда шудааст. Дар Исроил воқеаҳои истифодаи бомбаҳои фосфорӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тафтиш карда мешаванд. Хонаҳои сӯхтаю хокистаргашта ва хусусияти хоси ҷароҳати маҷрӯҳон шаҳодат медиҳанд, ки низомиёни Исроил дар ин ҷо аз бомбаҳои фосфорӣ истифода бурдаанд. Агар ин масъала исбот шавад, ба амалиёти ҳарбии Исроил аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналхалқӣ баҳо дода хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






