БЕКОРОН СОҲИБИ КОР ГАШТАНД
Қӯрғонтеппа, 16 январ. ( АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев).- 15 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ярмаркаи ҷои кору вазифаҳои холӣ баргузор гардид. Муовини сардори раёсати муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Ризоқул Ҷӯраев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ярмарка намояндагони 55 корхонаю муассиса ба бекорон 1012 ҷои холии корро пешниҳод намуданд. Хабар дода шуд, ки ба туфайли ярмаркаи мазкур 320 нафар аз рӯи ихтисос кори мувофиқ пайдо кард. 150 нафар барои омӯхтани касбҳои нав ба курсҳои кӯтоҳмуддат фиристода, 120 нафари дигар ба корҳои пулакии ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






