БОНКҲО БАРОИ ДОДАНИ ҚАРЗ БЕШТАР МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАНД

Январь 23, 2009 09:02

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Соли 2008 филиалҳои бонкҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолӣ ба маблағи қариб 78,5 миллион сомонӣ қарз доданд. Аз ҷумла, филиали Бонки нахустини сармоягузории хурд дар давоми соли гузашта зиёда аз 32,5 миллион сомонӣ, филиали «Агроинвестбонк» бештар аз 18 миллион сомонӣ ва филиали «Амонатбонк» қариб 21 миллион сомонӣ қарз додаанд. Илова бар ин, се фонди қарзҳои хурд ба мизоҷони худ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ қарзҳои дарозмуддат доданд. Қарзҳои мазкур асосан барои рушди соҳаҳои тиҷорати хурду миёна ва кишоварзӣ дода шудаанд.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар маркази ВМКБ филиалҳои Бонки миллӣ, Бонки нахустини сармоягузории хурд, «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Амонатбонк» фаъолият доранд.                                                                                                                                                      Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 23, 2009 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст