БОНКИ МИЛЛӢ ҚУРБИ АСЪОРИ МИЛЛИРО МЕБАРДОРАД?

Январь 23, 2009 10:21

                Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Қурби пули миллӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан тайи моҳҳои охир аз 10 то 30 фоиз паст рафтааст. Дар Қазоқистон, бузургтарин қудрати иқтисодии минтақа, қурби танга дар зарфи чанд моҳи охир 10 фоиз паст рафта, нархи доллар ба 120 танга баробар аст.                Бӯҳрон дар дигар кишварҳо низ ба назар мерасад. Қурби соми Қирғизистон дар чанд моҳи гузашта наздики 20 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳоло арзиши як доллар дар марказҳои мубодилаи асъори ин кишвар зиёда аз 40 сом шудааст.               Сабаби болоравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон ин таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Воридоти асъори хориҷӣ аз фурӯши маҳсулоти содиротии мо дар моҳи ноябр — декабри соли 2008 поён рафт. Танҳо бо сабаби ба фурӯш нарафтани пахтаю алюминий 102 миллион доллар нисбати соли гузашта кам ворид гардид.          Қурби сомонӣ дар аввали моҳи январ башиддат поин рафта, қимати як доллари амрикоӣ аз 3 сомониву 70 дирам ҳам гузашт. Бонки миллии Тоҷикистон маҷбур шуд, ба хотири таскин додани бозори асъор 1 миллион доллар пули нақдашро бо қимати поинтар ба фурӯш гузорад.                Раиси Бонки миллӣ мӯътакид бар он аст, ки барои нигоҳ дошани қурби асъори миллӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд то ки он устувор монад.

Январь 23, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид