БОНКИ МИЛЛӢ ҚУРБИ ДОЛЛАРРО ПОЁН МЕБАРАД?
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Имрӯз бо сабабҳои зиёде болоравии қиммати доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дида мешавад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иброз дошт, ки болоравии қурби доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Ш. Раҳимзода афзуд, ки сабаби болоравии қурби доллари ИМА дар ҷумҳурии мо ин таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Воридоти асъори хориҷӣ аз фурӯши маҳсулоти содиротии мо дар моҳи ноябр — декабри соли 2008 поён рафт, фақат бо сабаби ба фурӯш нарафтани пахтаю алюминий 102 миллион доллар нисбати соли гузашта кам ворид гардид. Инчунин мисли ҳарсола дар охири сол шаҳрвандони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, бар мегарданд ва воридоти асъори хориҷӣ кам мешавад. Аз тарафи дигар таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба воридоти маҳсулот дертар ҳис мешавад, чунки он тоҷироне, ки имрӯз бо хориҷиён шартнома доранд бояд шартномаро иҷро кунанд, бинобар ин новобаста аз он, ки маҳсулоташон ба савдо намеравад, воридотро кам намекунанд. Бинобар ин, қурби асъори миллӣ паст меравад. «Мо барои нигоҳ дошани қурби асъори миллӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаем, ки он устувор монад. Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати паст бурдани қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА як миллион доллар ба муомилот бароварда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фурӯш гузорад. Дар баробари ин, дар рӯзҳои наздик давлати Швейтсария барои Тоҷикистон бо ин мақсад 5 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд, то ин масъала дар Тоҷикистон ба таври бояду шояд ҳалли худро ёбад», — тазаккур дод раиси Бонки миллӣ.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






