БОНУВОНИ ТОҶИК БА ТАХТИ ҶАМШЕД МЕБАРОЯНД
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати бонувони тоҷик, ки аз кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудирони шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии мамлакат иборат буд, озими шаҳри Теҳрон шуданд. Сафари бонувони тоҷик ба ин кишвар бо даъват ва мусоидати Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломии Эрон сурат гирифт. Муддати як ҳафта занони тоҷик бо паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти занони эронӣ шинос мешаванд. Онҳо дар Маркази занон ва хонаводагии ин кишвар бо масъулон ва кормандон он мулоқот намуда, бо фаъолияти ин марказ ва дигар созмонҳои ғайридавлатие, ки ба масъалаҳои занон марбутанд, шинос мешаванд. Инчунин, ҳайати бонувони тоҷик ба шаҳри Шероз рафта, аз ёдгориҳои беназири фарҳангию таърихии ин шаҳри қадима, бахусус Тахти Ҷамшед дидан менамоянд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






