БОЗДИДИ О. ОҚИЛОВ АЗ СТАНСИЯИ НАСОСИИ «СОМҒОР- 1»
Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз сафари дурӯзаи корӣ ба вилояти Суғд баргашт. Аз дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сарвазир зимни сафар бо ҷараёни тармими стансияи нассосии обкашии «Сомғор- 1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд. О.Оқилов ба коргарону мутахассисон супориш дод, ки тармими стансияро то оғози кишти баҳорӣ пурра ба охир расонанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки стансияи насосии обкашии «Сомғор — 1» соли 1958 сохта шуда буд. Иқтидори он 16 ҳазор киловатт буда, 8 агрегат дорад ва обро ба баландии 58,2 метр мебарорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






