БУРДУ БОХТҲОИ ДОНИШКАДА

Январь 29, 2009 11:42

                Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки омӯзгорону донишҷӯёни донишкада соли таҳсили 2007 — 2008 -ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Рӯзҳои наздик дар ин ҷо дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон» конфронси илмӣ гузаронида мешавад.                Ба қавли ректори донишкада, имрӯз ҳам дар фаъолияти он проблемаҳое мавҷуданд, ки то ҳол ҳал нашудаанд. Яке аз онҳо аз ҳамдигар хеле дур воқеъ будани биноҳои таълимӣ мебошад. Масалан, бинои асосии донишкада дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» воқеъ гардидааст. Факултаҳои «Менеҷмент ва молия» ва «Иқтисодиёту молия» дар канори дигари шаҳр дар маҳаллаи «Гипрозем» воқеъ мебошанд.                 Ба қавли роҳбари донишкада ин проблема бояд ояндаи наздик мусбат ҳал карда шавад. Мо онро якҷоя бо роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи «Тоҷикгипропроект» бо роҳи иваз кардани биноҳо ҳал мекунем, гуфт О.Бобоев.

Январь 29, 2009 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид