БУРДУ БОХТҲОИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ

Январь 12, 2009 17:21

        Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Пагоҳ, 13 январ дар Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ ба номи Талабшо Сатторов конфронси матбуотии  ҳисоботӣ баргузор мегардад. Дар он натиҷаҳои фаъолияти яксолаи консерватория ҷамъбаст карда мешаванд. Роҳбарият,  деканҳои факултаҳо ва  муҳосибон ба хабарнигорон дар бораи  ҳамкории байналхалқӣ, фаъолияти дохилии консерватория ва нақшаҳои соли 2009 маълумоти муфассал медиҳанд.        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Консерваторияи миллӣ соли гузашта дар соҳаи ҳамкории байнидавлатӣ натиҷаҳои калон ба даст овард. Омӯзгорони консерватория соли гузашта ба Фаронса  сафар карданд. Онҳо инчунин дар озмунҳои байналхалқии мусиқӣ ва рақс дар Олмон ва Русия ширкат варзиданд. Тибқи нақша, соли равон бо консерваторияи Пекин созишномаи ҳамкорӣ имзо карда хоҳад шуд.

Январь 12, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд