БУРДУ БОХТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ДАР СОЛИ 2008
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). Чанде, қабл дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2008 мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳои хизматӣ барои соли 2009 муайян карда шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар баромадҳо қайд гардид, ки соли сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян ҷиҳати ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, аз назорати сарҳадӣ гузаронидани шахсони воқеъӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар амалӣ гардиданд.Аз тарафи сарҳадбонони тоҷик беш аз 916 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла беш аз 110 кг героин, 752 кг каннабис, 53 кг чакидаи афюн мусодира карда шуда. Инчунин 312 131 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дарёфт ва нобуд карда шуд.Дар ин давра 160 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуда, 1263 нафар вайронкунандагони сарҳад (аз ҷумла 973 нафарашон дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ), 999 нафар вайронкунандагони реҷаи сарҳадӣ боздошт гардиданд. Дар давоми соли гузашта 17 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст. 9 кӯшиши убури сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд. 21 нафар қочоқчии маводи нашъаовар дастгир гардид. Дар натиҷа задухӯрдҳои мусаллаҳона 10 нафар вайронкунандани сарҳади давлатӣ нест карда шуда, 2 нафар захмӣ гардиданд. Дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 79 амалиёти махсус гузаронида шуд.Дар соли 2008 сарҳадчиёни тоҷик 36 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 14 автомат, 13 гранатомёт, 6 адад карабин, 2 адад таппонча, 1 адад пулемёт, 12 адад мина, инчунин 4 727 дона тири гуногун мусодира намуданд.Дар ҷаласа, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима ёфта, барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ муайян гардиданд. Ба роҳбарияти Сарраёсат ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оиди сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои нақшавӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






