БУРДУ БОХТИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ

Январь 19, 2009 10:45

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).- Муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Мардонӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки  донишкада фаъолияти худро  дар  асоси таълимоти имом Абӯҳанифа ба роҳ монда, соли равон дар ҳамаи  тадбирҳои бахшида ба  бузургдошти хотираи имом Абӯҳанифа фаъолона ширкат хоҳад варзид. Қайд карда шуд, ки омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ба ин муносибат аллакай силсилаи асару мақолаҳо таҳия ва чоп карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки  Донишкадаи исломӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи феврали соли 2007 таъсис ёфта буд. Донишкада алҳол як факулта дорад. Дар он аз рӯи  панҷ ихтисос — ихтисосҳои қуръоншиносӣ, илмҳои исломӣ, филологияи араб, фалсафа ва дин, таърихи ислом ва диншиносӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар донишкада 7 кафедра фаъолият дорад. Дар ин ҷо бештар аз 80 омӯзгор ба   900 донишҷӯ дарс медиҳад. 62 нафари донишҷӯён дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. 114 нафари  донишҷӯёни донишкада духтаронанд.Тоҷиддин Мардонӣ афзуд, ки ташаккули фаъолияти донишкада давом дорад ва  ояндаи наздик боз ҳам вусъат дода хоҳад шуд.

Январь 19, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид