БУРДУ БОХТИ КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ

Январь 14, 2009 11:02

         Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Ректори Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ Раҷабмад Амиров дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ояндаи наздик дар ин ҷо саҳифаи махсуси интернетии  консерватория кушода хоҳад шуд. Айни ҳол ороиши саҳифаи интернетӣ давом дорад. Саҳифаи интернетии консерватория охирҳои моҳи феврал кушода мешавад. Соли гузашта дар консерватория барои донишҷӯёну омӯзгорон синфи компютерӣ кушода шуд, ки бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст карда шудааст. То охири сол дар консерватория китобхонаи электронӣ ташкил карда мешавад.        Р.Амиров зикр кард, ки консерватория чандин сол боз нақшаи қабули донишҷӯёнро иҷро  карда наметавонад. Вай афзуд, ки ҳар сол ҳамаи мактабҳо ва коллеҷҳои мусиқӣ тақрибан 60 дохилшавандаро қабул мекунад. Вале онҳоро ҳамагӣ 10 нафар хатм мекунаду халос. На ҳамаи онҳо ба консерватория дохил шуда, ҳунари худро сайқал додан мехоҳанд. Масалан, соли гузашта 77 нафар ба консерватория қабул карда шуд, вале онро ҳамагӣ 30 нафар хатм кард. Дохилшавандагон одатан ба шӯъбаҳои  шашмақомхонӣ, фолклор ва эстрада мароқ зоҳир менамоянд. Шумораи онҳое, ки дар шӯъбаи дирижёри дастаҳои  хорсароён таҳсил карданианд, ниҳоят кам аст, гуфт Р. Амиров.

Январь 14, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад