ЧАНД САВОЛИ НОРАВШАНИ «КОНСЕПСИЯИ АГРАРӢ»
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ оид ба қабули «Консепсияи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ доир гашт. Директори Пажӯхишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзӣ Ҷалил Пириев иброз дошт, ки мақсад аз қабули «Консепсияи аграрӣ» амалӣ гардидани сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва бо ашёи хом таъмин намудани саноати коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар нишасти матбуотӣ он чиз норавшан монд, ки дар раванди истеҳсолоти аграрӣ ба ивази собиқ хоҷагиҳои коллективӣ, ки беш аз 29 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис ёфта 80 фоизи замин барои истифодаи якумра ба онҳо дода шудааст, дигарон чӣ манфиат мебинанд?. Илова бар ин, дар ин нишаст ба саволҳои хабарнигорон, ки «Консепсияи кишоварзӣ» тавассути чӣ қадар маблағ ва аз кадом сарчашмаҳои даромад амалӣ мешавад, беҷавоб монданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






