ЧИН АЗ ҶИҲАТИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДӢ ҶОИ СЕЮМРО ИШҒОЛ НАМУД
Пекин, 15 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2007 аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол намуда, дар ин масъала аз Олмон пеш гузашт. Аз рӯи маълумоти охирин пешрафти иқтисодии Чин соли 2007 ба ҷои 11,9 фоизи пешбинишуда ба 13 фоиз расида, маблағи маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 25,73 триллион юанро ташкил дод. Ин аз рӯи ҳисоби миёнаи солона 3,38 триллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки аз даромади солонаи Олмон дар соли 2007- ум 60 миллиард доллар зиёд аст. Маълумоти расмӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиёти Чин дар соли 2008 ҳафтаи оянда нашр карда мешаванд. Пешбинӣ карда мешавад, ки имсол натиҷаҳои рушди иқтисодиёти ин мамлакат нисбат ба соли 2007 хеле камтар хоҳад гашт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилии Чин соли 1978 баъди ба сари ҳокимият омадани Ден Сяопин ва пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод то имрӯз бештар аз 70 баробар афзуд. Чин соли 2005 аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт аз мамлакатҳои тараққикардаи саноатии Британияи Кабир ва Фаронса пеш гузашт. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2007 ИМА аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар миқёси ҷаҳон ҷои аввал ва Ҷопон ҷои дуюмро ишғол намуданд Даҳ ҷои минбаъдаро Чин, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Испания, Русия ва Ҳиндустон ишғол менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






