ЧОРАБИНИҲОИ КУМИТАИ АНДОЗ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси талаботи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи андоз дар назди кормандони худ вазифаҳои боз ҳам ҷиддитарео ба миён гузошт. Дар соли 2009 муборизаро барои аз байн бурдани фаъолияти иқтисодиёти пинҳонии корхонаҳои истеҳсолӣ пурзӯр менамояд. Дар баробари ин, баҳисобгирии андозсупорандагон ва объектҳои андозбандиро дар ҷалби пурраи онҳо дар таъмини буҷа беҳтар хоҳад кард,-иброз доштанд дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ андозбандии даромади буҷет аз ҷума, самаранокии баъзе имтиёзҳои андозро барои воридоти мол кам карда, меъёри андозбандии захираҳои табии аз ҷумла, андоз аз истифодабарандагони об ва дигар захираҳои табии ва ҷалби онҳо дар пурра намудани буҷет таъмин карда мешавад. Аз ин рӯ воридоти даромади буҷет ҳар моҳ аз 254 млн. сомонии дар соли 2008 буда, ба 380 млн. сомонӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад дар назди ҳама шӯъбаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаю чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






