ДАР ДУШАНБЕ ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ РУСӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Моҳи октябри соли равон дар Душанбе ҷашнвораи нахустини театрҳои русии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Аллакай театрҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва баъзе минтақаҳои Федератсияи Русия ба ҷашнвора даъват карда шуданд. Ҷашнвора бо ташаббуси вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳадафи он дубора барқарор сохтани ҳамкории эҷодии театрҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ғанитар сохтани фарҳанги миллии мамлакатҳои минтақа мебошад. Ҳамаи тадбирҳои ҷашнвора дар Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский гузаронида мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






