ДАР ХАТЛОН ҶОЙҲОИ КОРӢ МЕАФЗОЯНД

Январь 17, 2009 10:14

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар соли  2008 дар қаламрави вилояти Хатлон 31700 ҷойи нави корӣ бунёд ёфта, соли ҷорӣ, тибқи  нақша бояд беш аз 70 ҳазор ҷойи кори нав  муҳайё шавад. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз аз 22 корхонаи саноатии шаҳри Кӯлоб 21 тоаш фаъолият мекунанд. Дар соли 2008 дар шаҳри Кӯлоб 2127 ҷойи нави  корӣ ва дар ноҳияи Данғара 670 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.            Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2009 ба раисони  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон баҳри ташкили ҷойҳои навӣ корӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, ғамхорӣ ба соҳаҳои  маорифу тандурустӣ, барқарор намудани корхонаҳои  мавҷудаи саноатӣ ва бунёди  корхонаҳои  нав, васеъ намудани майдони  боғутокзор, ривоҷ додани  сабзавоткорӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва беҳтар намудани шароит  барои хоҷагиҳои  пахтакор супоришҳои қатъӣ дод. 

Январь 17, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид