ДАР КӮЛОБ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАД
Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тӯли ду соли охир зиёд гардидани нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ, хусусан нақлиёти мусофирбар дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар бараъло эҳсос мегардад. Мақомоти Иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар ҳудуди шаҳр як қатор чораҳоро амалӣ карда истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар баробари танзими ҳаракати нақлиёт дар дохили шаҳр шӯъбаи нақлиёти МИМХД ш. Кӯлоб тасмим гирифтааст вобаста ба паст фаромадани нархи сӯзишворӣ роҳкироро низ арзон намояд. Эмомалӣ Булбулов мудири шӯъбаи танзими нақлиёти МИМХД ш. Кӯлоб мегӯяд, ҳоло роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ба истилоҳ "ТАНГЕМ" дар ҳудуди шаҳр 50 дирам ва автобусҳо 30 дирам муайян карда шудааст. Инчунин, тасмим дорем боз якчанд сайрхатҳои дигар ташкил намоем. Лозим ба зикр аст, ки нархи роҳкиро фақат дар нақлиёти мусофирбарии шаҳри Кӯлоб аз оғози соли нав 50 фоиз кам гардида, нақлиёти мусофирбари дигар самтҳо ба монанди Кӯлоб — Душанбе, Кӯлоб-Қурғонтеппа, Кӯлоб- Мӯъминобод, Ховалинг ва Шурообод чун пештара боқӣ мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






