ДАР КӮЛОБ ТОЛОРҲОИ ВАРЗИШӢ НАМЕРАСАНД

Январь 22, 2009 12:12

                    Кӯлоб, 22 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Яке аз омилҳои асосии пешгирии ҷинояткорӣ ва солим нигоҳ доштани ҷавонону наврасон ба варзиш машғул гардидани онҳо мебошад. Барои ин таи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Фаъол гардонидани мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар далели ин гуфтаҳост.                     Дар мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 250 нафар наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод, самбо ва дзюдо машқ мекунанд. Дастпарварони ин мактаб дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.                    Бояд қайд намуд, ки дар ин мактаби махсуси варзишӣ 8 нафар муррабиёни пуртаҷриба ба шогирдон машқ медиҳанд ва онҳо аз мушкилоти ҷойдошта дар соҳа изҳори нигаронӣ доранд.                    Сармураббии мактаби мазкур Миралӣ Шералиев аз нарасидани толорҳои варзишӣ ва гардеробу ҷои оббозии варзишгарон изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки талабот ба варзиш дар байни ҷавонону наврасон хеле зиёд мебошад.                    Новобаста ба мушкилот дар соҳаи варзиш дар Кӯлоб ду нафар шогирдони мактаби мазкур Комилҷон Шералиев ва Рустам Одинаев унвони устоди варзиш ва 18 нафари дигар номзад ба устоди варзишро сазовор гардидаанд.  

Январь 22, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар