ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ТАМОШОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА» БЕҲТАР ХОҲАД ГАШТ

Январь 14, 2009 09:15

Кӯлоб, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муовини аввали ҶСШК «Телерадиоком»-и назди кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Ҳабибов мегӯяд, ки мавҷи телевизиони «Сафина» дар вилояти Хатлон тариқи канали 3 пахш карда мешавад, вале мавҷқабулкунаки шаҳрвандон ба канали 6-12 мутобиқ гардонида шудааст. Хуршед Ҳабибов илова намуд, ки таҷҳизоти мавҷпаҳнкунӣ, ки дар мавзеи «Тошрубот» мавҷуд аст иқтидораш паст мебошад. Охири соли 2008 аз ҷониби ҶСШК «Тоҷиктелеком» бо яке аз ширкатҳои Украина шартнома ба имзо расидааст, ки тибқи он дар семохаи аввали соли 2009 ду таҷҳизоти пурқудрати мавҷпаҳнкунӣ дар вилояти Суғд ва Хатлон васл карда мешавад, ки он имкон медиҳад,  сифати мавҷпаҳнкунӣ дар вилоятҳои мазкур беҳтар гардид.           Бояд гуфт, ки шаҳрвандони ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Шӯрообод барномаҳои телевизионии Ҷ. И. Афғонистонро тамошо мекунанд.       

Январь 14, 2009 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд