ДАР МОСКАВ БАР АСАРИ СӮХТОР 7 НАФАР ШАҲРВАНДИ ҶТ БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сафорати Тоҷикистон 13 январи соли равон ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми сӯхтор дар шаҳри Маскав тасдиқ кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар ҷои фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷасади ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ дорад. Дар асари фоҷиаи рухдода Кулов Фарход Сафаркулович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи ба номи А. Ҷомӣ, Назаров Сангалӣ Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Ваҳдат, деҳаи «Ромит», Боев Ҷамолиддин Зухуриддинович, соли таваллудаш 1988, зодаи деҳаи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, Мусоев Саидҷон Ҳайдарович, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, Бангиев Аминджон Назрихуҷаевич, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ, кӯчаи «Агроном», Солиев Ҷамшед соли таваллудаш 1986, зодаи деҳаи «Риссовхоз»-и ноҳияи Рудакӣ ва Мирзошарифов Соҳиб Назарович, соли таваллудаш 1989, зодаи ноҳияи ба номи А. Ҷомӣ ҳалок гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






